Description
Bozii kalimahoi tokiki: crossword puzzle, lugati tafsiri, 3000 sat, free internet
Калимаёбак - бозии калимаҳо бо забони тоҷикӣ! Ҳарфҳоро бо ангушт пайваст кунед, калимаҳои пинҳониро ёбед ва кроссвордро пур кунед. Оддӣ оғоз мешавад, вале ҳар сатҳ ҷолибтар мегардад!
ЧӢ ТАВР БОЗӢ КАРДАН
- Ҳарфҳои доираро пай дар пай пайваст карда, калима созед.
- Калимаи ёфтшуда ба ҷойи худ дар кроссворд меафтад.
- Ҳамаи калимаҳоро ёбед - сатҳ гузашт!
- Барои калимаҳои дурусте, ки дар кроссворд нестанд, тангаи бонусӣ мегиред.
ЧАРО КАЛИМАЁБАК?
- 3000 сатҳ: аз калимаҳои осон то калимаҳои дароз ва душвор.
- Луғати тафсирӣ: маънои зиёда аз 17 000 калима бо мисолҳо, бе интернет. Дар "Луғати ман" ҳамаи калимаҳое, ки ёфтед, ҷамъ мешаванд.
- Бозии рӯзона: ҳар рӯз муаммои нав ва тангаҳои иловагӣ. Силсилаи рӯзонаи худро қатъ накунед!
- Мусобиқаи ҳафтаина: ҳар калимаи ёфтшуда хол медиҳад, калимаи дароз - бештар. Бо дигар бозингарон рақобат кунед!
- Омор ва дастовардҳо: калимаҳои ёфтшуда, калимаи дарозтарин, силсилаи рӯзона ва мукофотҳо.
- Бе интернет бозӣ кардан мумкин аст - дар роҳ, дар навбат, дар ҳар ҷо.
- Ишораҳо: кушодани ҳарф, ракета, ангушт ва дигар ёрдамчиҳо дар калимаҳои душвор кумак мекунанд.
- Тӯҳфаҳо, сандуқчаи сеҳрнок ва чархи хушбахтӣ.
- Пешрафт дар абр захира мешавад - дар телефони нав ҳам идома медиҳед.
- Дӯстатонро даъват кунед: ба шумо 300, ба дӯстатон 150 танга.
- Дар заминаи манзараҳои зебои Тоҷикистон бозӣ мекунед.
БАРОИ ТЕЗ КАРДАНИ ЗЕҲН
Бозиҳои калимавӣ захираи луғавиро зиёд мекунанд, диққат ва хотираро машқ медиҳанд. Ҳар рӯз чанд дақиқа - ва шумо устоди ҳақиқии калимаҳо мешавед! Бозӣ барои кӯдакон ва калонсолон, хонандагон ва падару модарон баробар ҷолиб аст.
Агар ба шумо кроссворд, scrabble, ҷустуҷӯи калима, анаграмма ё бозиҳои мантиқӣ писанд бошанд - Калимаёбак маҳз барои шумост.
Агар пешниҳод ё савол дошта бошед, тавассути "Бо мо тамос гиред" дар менюи бозӣ нависед. Фикри шумо барои мо муҳим аст!
What's new
Навсозӣ!
• Луғат: маънои ҳар калимаро хонед
• Тӯҳфаҳоро бо тамошои видео 2 баробар гиред
• Огоҳиномаҳо дар бораи навигариҳо
• Хатоҳо ислоҳ шуданд