Description
Zaboni rusiro bo grammar, guftuguo, audio dialogue va testhoi shavkovar omuzed.
Омӯзиши забони русӣ — барномаи қулай барои онҳое, ки мехоҳанд забони русиро бо забони тоҷикӣ омӯзанд.
Дар барнома маводҳои гуногун барои омӯзиши ҳаррӯза ҷамъ оварда шудаанд: грамматика, гуфтугӯҳои омода, тестҳо, аудио диалогҳо ва маълумоти муфид. Ин барнома барои шурӯъкунандагон ва инчунин барои онҳое, ки мехоҳанд дониши худро такмил диҳанд, мувофиқ аст.
Имкониятҳои асосии барнома:
Грамматика
Қоидаҳои забони русӣ бо шарҳи фаҳмо барои омӯзиши осон.
Гуфтугӯҳо
Ибораҳо ва ҷумлаҳои рӯзмарра барои истифода дар сафар, кор, таҳсил ва муоширати ҳаррӯза.
Аудио диалогҳо
Диалогҳо бо матн ва тарҷума барои беҳтар кардани шунавоӣ ва талаффуз.
Тестҳо
Машқҳо ва саволҳо барои санҷидани дониш ва мустаҳкам кардани мавзӯъҳои омӯхташуда.
Маълумоти муфид
Матнҳо, ҳикояҳо ва маводи иловагӣ барои омӯзиши шавқовари забони русӣ.
Бо ёрии барномаи Омӯзиши забони русӣ шумо метавонед калимаҳо, ибораҳо ва қоидаҳои муҳимро қадам ба қадам омӯзед ва малакаи гуфтугӯии худро беҳтар намоед.
Барнома барои омӯзиши мустақилона, такрори дарсҳо ва истифодаи ҳаррӯза пешбинӣ шудааст.