Description
Farhangi tafsiriya zaboni tokiki: 48,000 kalima bo mano wa sharhi mufassal.
Луғати тафсирии забони тоҷикӣ — барномае, ки маъно ва шарҳи ҳар як калимаи забони тоҷикиро зуд ва бе интернет пайдо мекунад.
Дар луғат зиёда аз 48 000 калима, ибора, ибораҳои рехта ва таъбирҳои устувор ҷамъ оварда шудаанд. Ба ҳар як калима шарҳи дақиқ дода шуда, ҳамаи маъноҳои калима ҷудо-ҷудо рақамгузорӣ шудаанд ва бо мисолҳои истифода ҳамроҳ мебошанд.
★ ИМКОНИЯТҲО
• Бе интернет кор мекунад — тамоми база дар дохили барнома аст, трафик лозим нест
• Ҷустуҷӯи зуд: ибтидои калимаро нависед, мақолаи лозимӣ фавран пайдо мешавад
• Калимаҳоро бе ҳарфҳои ғ, ӣ, қ, ӯ, ҳ, ҷ ҳам ёфтан мумкин аст («хоча» → «хоҷа»)
• Тугмаҳои алоҳида барои ҳарфҳои Ғ, Ӣ, Қ, Ӯ, Ҳ, Ҷ — бо клавиатураи русӣ ҳам қулай
• Истинодҳои фаъол: калимаи баъд аз «ниг.» бо як зер кушода мешавад
• Интихобшудаҳо: калимаҳои лозимиро нигоҳ доред ва ҳар вақт боз кушоед
• Таърих: калимаҳои охир дидаатон ҳамеша дар даст
• Калимаи рӯз — ҳар рӯз як калимаи нав бо шарҳаш
• Нусха гирифтан ва фиристодани калима ё шарҳ ба дӯстон
• Реҷаи торик ва равшан, андозаи ҳуруфи танзимшаванда
• Интерфейси содда ва фаҳмо
★ ДАР ЛУҒАТ ЧӢ ҲАСТ
• Ҳамаи маъноҳои калима, ки ҷудо-ҷудо рақамгузорӣ шудаанд
• Ибораҳои рехта, таъбирҳои образнок ва маъноҳои маҷозӣ
• Калимаҳои китобӣ, кӯҳнашуда, гуфтугӯӣ ва лаҳҷавӣ бо ишораҳояшон
• Пайдоиши калимаҳо: арабӣ, туркӣ, юнонӣ, лотинӣ, русӣ, фаронсавӣ, англисӣ ва ғ.
• Истилоҳоти илм, техника, тиб, мусиқӣ, ҳуқуқ ва дигар соҳаҳо
• Асосҳои феълҳо, пешвандҳо ва пасвандҳои калимасоз
★ БАРОИ КӢ
• Хонандагони мактаб ва донишҷӯён — барои иншо, реферат ва маърӯза
• Омӯзгорон, филологҳо, забоншиносон
• Шоирон, нависандагон, рӯзноманигорон, муҳаррирон, тарҷумонҳо
• Ҳамаи онҳое, ки забони тоҷикиро меомӯзанд
• Ҳар касе, ки мехоҳад захираи луғавии худро ғанӣ гардонад ва дуруст нависад
★ САРЧАШМА
Базаи барнома дар асоси «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (иборат аз 2 ҷилд, Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, Душанбе, 2008) тартиб дода шудааст.
Агар барнома ба Шумо маъқул бошад, баҳо диҳед ва назари худро гузоред — ин барои мо хеле муҳим аст.
What's new
Ислоҳи хатогиҳо