Tìm ứng dụng

100 инсони бузургтарин

com.easylearntj.popular_people
Books & Reference Miễn phí Có quảng cáo Everyone Mở trên Google Play
10,000+
lượt cài đặt · ≈25K
—
0 đánh giá
2024-02-29
lần phát hành đầu
2025-09-23
cập nhật lần cuối

Mô tả

Kitobi 100 insoni buzurgtarin bo zaboni toҷikiki.

Аввалин китоб бо унвони «100 инсони бузургтарин» аз тариқи нашриёти «Вече» соли 1998 ба табъ расида буд, ки ба қалами нависандаи америкоӣ М.X.Харт тааллук, дошт. Муаллиф ба муҳокимаи хонандагон назарияи бисёр ҳам баҳсталаб-назарияи таъсирро пешниҳод кард. Қисми зиёди китобро Харт ба андешаҳои худ оид ба ин ё он шахсияти таърихй бахшида, дар бораи фаъолияти онҳо камтар сухан рондааст. Асари С. А. Мусский «100 инсони бузургтарин» («Вече», 2006), ки мо аз он ба муштариён намунахр пешниҳод месозем, нисбатан иттилооти бештар дорад ва ҳам холисона аст. Ҳайати қахрамонҳо аз нисф зиёд тагйир ёфтааст. Шахсиятҳои аз ҳама бузург, чехраҳои шинохтаи оламшумули ҳамаи соҳаҳои асосии ҳаёти одами дар ин китоб гирд омадаанд. Муаллиф асарашро ба бобҳои «Ходимони дин», «Мутафаккирон», «Сиёсатмадорон», «Лашкаркашон», «Олимон», «Устодони санъат», «Ихтироъкорон», «Сайёҳон» ва «Варзишгарон» тақсим намуда, аз ҷумла дар бораи паёмбари ислом Муҳаммад (с), Пифагор, Аристотел, Пётри Кабир, Маҳатма Ганди, Ленин, Сталин, Искандари Мақдунӣ, Коперник, Дарвин, Менделеев, Бах, Чайковский, Архимед, Колумб, Пеле, Муҳаммад Алй ва дигарон маълумоти мушаххас додааст. Мутаассифона, дар китоб мутафаккири барҷаста энсиклопедист, табиби оламшумул, муаллифи «Ал-Қонун» Абӯалӣ ибни Сино ҷойи худро наёфтааст. Ҳол он ки ӯ яке аз нафарони арзандатарин аст ба ин гуна китобҳо. Шояд ба ин чаҳорчӯбаи рақами 100 монеъ шуда бошад. Зеро Ломоносов, Лютер Кинг, Планк, Борн, Эдисон, Марко Поло ва даҳҳо нафари дигар ни? берун аз рақами 100 мондаанд. Вале ин қимати маҷмӯаро кам накардааст, ба хонандаи имрӯза иттилооти фаровон медиҳад оид ба ҳар нафари 100-гона. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки намунае чанд аз чеҳраҳои ин китобро дар тарҷума пешкаши хонандагони гиромй гардонем. Муаллифи китоби «100 великих женщин» Ирина Семашко дар пешгуфтори асар нигоштааст: «Дафъатан гуфтанием, ки мо иҷрои кори сангинеро бар душ гирифтем, зеро бонувони бузургтарин ангуштшуморанд. Занҳои машҳур боҳадду ҳисоб, вале бузургтаринашон, ки дар тӯли қарнҳо вир ди забонҳо ва қахрамони достонҳо бошанд, 15-20 нафаранд Албатта, шахсияти Жанна д’ Арк ё Сафо шубҳае ба m u c h намеоранд, вале дар сафи онҳо боз киҳоро метавонем ном бигирем? Ҳангоми таълифи китоб мо ду кутбро ба эътибор гирифтем: Зан - Зебой ва Зан - Модар. Ба ин мазмун асар аз саргузашти Нефертити - олиҳаи зебой огоз ёфта, бо зиндагиномаи Марями Муқаддас - модари Исои Масеҳ анҷом мепазирад. Фалсафаи ҳаёт ҳам чунин аст, зан дар байни ҳамин ду ибтидои зиндагӣ - зебой ва ҳисси модарй талош меварзад: зебой бахри модарй ва модарй ба шарафи зебой. Дигар ҳама комёбиҳои бонувон дар байни ин ду мафҳум нисбианд». Қахрамонҳои китоб бонувони бузурганд, аз қабили Клеопатра, Екатеринаи II, Маргарет Тетчер, Ванга ва дигарон.

Chi tiết

Phiên bản1.5
Phiên bản Android tối thiểu7.0
Bài đánh giá0
Trang web nhà phát triểnweb.app
Có mặt tạitoàn cầu (242)
Liên hệ nhà phát triểntrong gói Business
Đã thu thập2026-11-20

Dữ liệu này trong API

Bản ghi đầy đủ ở dạng JSON tốn 1 token.

curl -H "X-API-Key: YOUR_KEY" \
  "https://apkapi.com/api/v1/app?id=com.easylearntj.popular_people"