Buscar apps

Забони рӯси барои навомӯзон

tjk.programs.audiobookrus
Books & Reference Grátis Contém anúncios Everyone Abrir no Google Play
100,000+
instalações · ≈124K
★ 4.20
261 avaliações
2023-02-18
primeiro lançamento
2026-07-12
última atualização

Descrição

Zaboni rӯsi az nol baroi navomuzon

Китоб барои инсон ғизои маънавӣ буда инсон ба воситаи мутолиаи он метавонад худро аз вартаи ҷаҳолат раҳоӣ диҳад. Тамоми комёбиҳои илмие, ки то ба имрӯз дар сайёраи Замин ба амал омадааст натиҷаи мутолиаи китоб ва дар амал татбиқ намудани маҳсули он мебошад. Омӯзиши забон ва аз худ кардани он калиди тамоми муваффақиятҳо ва васеъ гардидани ҷаҳонбинии инсон аст. Ва беҳуда нест, ки бузургон дар васфи донистани забон гуфтаанд: “Забон донӣ - ҷаҳон донӣ”. Хонандагони гиромӣ! дар назди шумо аввалин аудиокитоби забони русӣ ба забони тоҷикӣ истодааст. Аудиокитоби мо дар назди шумо қарордошта “Забони русӣ аз сифр барои навомӯзон” барои навомӯзон тавсия карда мешавад. Ин китоб дар дохили худ 60 дарсро дар бар гирифта, ҳар як дарс аз 3 қисм иборат аст: – грамматика,: дар ин китоб тамоми қисмҳои грамматикаи забони русӣ бо забони тоҷикӣ навишта шудааст. – гуфтугӯ (диалог),: агар китоб аз 60 дарс иборат бошад, диалогҳо низ дар 60 мавъзӯ мавҷуд аст. – луғат,: дар китоби мазкур зиёда аз 4000 ҳазор луғат мавҷуд аст. Ҳамаи ин луғатҳо барои муошират дар забони русӣ ҳар рӯз истифода бурда мешавад. Қисмҳои диалог ва луғат аз дарси 1 то 60 –ум бо аудио (mp3) сохта шудааст. Шумо метавонед бо кӯмаки гӯш кардани луғатҳо ва диалогҳо забони русиро боз ҳам зудтар омӯзед. Дар аудиокитоби маскур, ки аз 60 дарс иборат аст, аз дарси 1 то 2 Дарья Глазырева, аз дарси 3 то 19 Мусланбеков Эрлан, аз дасри 20 то 60 Дарья Глазырева ба қисмати русии аудиокитоб овоз додаанд. Ба қисмати тоҷикии аудиокитоб бошад, аз дасри 1 то 60 Лутфулло Элмуродов овоз додааст. Диққат кунед! Бе надонистани грамматика шумо ҳеҷ вақт дар забони русӣ бехато ва озод гап зада наметавонед. Аз ин мебарояд, ки ҳама қисмҳои грамматикаи ин китобро шумо бояд аз худ намоед.

Distribuição das avaliações

5★208
4★0
3★0
2★0
1★52

Detalhes

Versão1.2.1
Versão mínima do Android7.0
Comentários2
Disponível emno mundo todo (242)
Contatos do desenvolvedorno plano Business
Dados coletados2026-10-30

Posições nos rankings

Em 1 rankings de 1 países, melhor posição: 49.

Tadjiquistão · free#49 BOOKS_AND_REFERENCE

Estes dados na API

A ficha completa em JSON custa 1 crédito.

curl -H "X-API-Key: YOUR_KEY" \
  "https://apkapi.com/api/v1/app?id=tjk.programs.audiobookrus"